Бино ба гузоришҳо аз Русия, бар асари як бомбгузорӣ ва юриши пулис дар Қафқози шимолӣ дасти кам шаш нафар кушта шудаанд. Як бомбгузори интиҳорӣ, мошини бомбгузоришудаашро ба хобгоҳи кормандони пулис дар шаҳри Хасавюрти Доғистон равона карда, худрову як афсари пулисро куштааст ва ҳафт нафари дигар ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин пулиси Доғистон ду тундрави мазнунро дар деҳаи Комсомолская куштааст. Дар Ингушистон ду тундрави муттаҳам ба терроризм низ аз тарафи кормандони пулис кушта шудаанд.