Раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён Абдулмӯъмин Улфатов аз тамоми кормандони ҳукумат тақозо кардааст, ки дар аввал фарзандону ақрабои худро равонаи Артиши миллӣ кунанд ва баъдан ҷавонони маҳаллиро аз оилаҳои миёнаҳолу камбизоат ба адои хизмати сарбозӣ ташвиқ намоянд.
Ҷаноби Улфатов гуфт, ин талаби ҳукумати маҳаллӣ ҷиддист ва дар сурати инкори он, шахси мансабдор аз мақомаш барканор хоҳад шуд:
"Ин ягон гапи ҳавоӣ нест, ин талаби мо дар кӯча нахоҳад монд. Ман инро дар ҷаласаҳои ҳукумати ноҳия ҳам дар ҳузури ҳама мансабдорон гуфтаам. Агар нафаре ба ин талаби мо беэътиноӣ кунад, ӯ дар сохтори давлатдорӣ кор нахоҳад кард".
Рӯйхати фарзандони мансабдорон
Ҳоло ҳукумати ноҳияи Қубодиён феҳрасти иборат аз 50 номи фарзандони хонаводаҳои афроди мансабдору ходимони давлатиро тартиб додааст. Ба раисони ҷамоат ва масъулони комиссияҳои даъват ба артиш дастур дода шудааст, ки сароғоз фарзандони худ ва баъдан фарзандони мардумро ба хизмати аскарӣ ҷалб кунанд.
Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта сокинони маҳаллӣ монеъи ҷалби фарзандонашон ба артиш намешуданд, аммо баъд аз ҳаводиси шарқи Тоҷикистон бархурд ба ин масъала ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Ҷаноби Ҷӯраев афзуд, ба хотири итминон додани мардум барои бехатарии хизмат дар сафи Артиши миллӣ 2 нафар аз додарзодаҳояшро ба хизмати аскарӣ гусел кардааст.
Истиқболи Комиссияи даъват ба артиш
Комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Қубодиён тасмими ҳукумати маҳаллӣ барои ҷалби фарзандони мансабдорро пуштибонӣ мекунад.
Зиёдалӣ Эргашев, раиси комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба аскарӣ, ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, дар миёни сокинони маҳаллӣ ахиран шикоятҳо дар мавриди он, ки фарзандони афроди мансабдор аз хизмати аскарӣ дар канор мемонанд ва танҳо ҷавонон аз оилаҳои нодор ба хизмат мераванд, зиёд шудааст. Ҷаноби Эргашев афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба чунин ишораҳои мардум ва бо тақозои раиси ҳукумати ноҳия, худи вай низ писарашро ба аскарӣ гуселонидааст:
«Фарзанди ман худаш аризаро навишта, ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ҳоло сарам баланд аст ва акнун ҳар бор аз мардум ҳам бо дили пур даъват мекунам, ки писаронашонро ба армия фиристанд. Мардуми оддӣ хавф доранд, ки ҳоло дар Рашт вазъият бад аст. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки фарзандони шуморо якбора ба майдони ҷанг намебаранд, аввал онҳоро омӯзиш медиҳанд, 6 моҳ-як сол хизмат мекунанд».
"Облава"-и ҷавонон
Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳоло иддае аз афроди мансабдор бо таъкид ба ин ки фарзандон ва ақрабои онҳо низ ба хизмати низомӣ рафтаанд, ҷавононро иҷборан ба Артиш ҷалб мекунанд.
Хонуме, ки худро Соҳиба муаррифӣ кард, мегӯяд, писари 19-солаи ӯро, сарфи назар аз ин ки донишҷӯи омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ буд ва набояд то поёни таҳсилаш ба артиш ҷалб мешуд, иҷборан, ба истилоҳ «облава» карда, ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд.
Бо ин вуҷуд хонум Назарова мегӯяд: «Талаби раиси ноҳияи Қубодиён дар мавриди ҷалби фарзандони ходимони давлатӣ ва кормандони ҳукумат ба Артиши миллӣ то ҷое адолати иҷтимоиро таъмин мекунад, ба шарте ки софдилона ба иҷро бирасад».
Фарзанди "имтиёзнок"
Ва аммо раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён Абдулмӯъмин Улфатов дар посух ба ин суоли радиои Озодӣ – «Оё худи Шумо ҳам писар ва ё ақрабои наздикатонро, ки қобили хизмати ҳарбӣ ҳастанд, ба Артиш гусел кардаед?», - гуфт: "Фарзанди ман бинобар як писар буданаш, имтиёзнок аст. Ҳам институт мехонад, ҳам як бача аст. Худам хизмат кардагиям дар Муғулистон. Ҷиянҳоям ҳама хизмат кардагӣ аст, ҳам хизмат карда истодаанд".
Ба итилоъи комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён, то имрӯз нақшаи сафарбарии ҷавонони ноҳия ба Артиши миллӣ наздик ба 40 дарсад иҷро шудааст. Мақомоти ноҳия мутмаинанд, ки бо ҷалби фарзандони афроди мансабдор ба сафи Артиш нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон пурра ба иҷро хоҳад расид.