Мақомоти ниҳодҳои молии иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба ислоҳоти сохтории амиқ дар Сандуқи Байналмилалии Пул мувофиқат карданд, ки нақши кишварҳои бузурги дар ҳоли рушдро дар тасмимгириҳои он бештар мекунад. Тавофуқ дар ин замина рӯзи якшанбе дар нишасти вазирони молия ва мудирони бонкҳои марказии кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушди узви Гурӯҳи 20 дар Куриёи Ҷанубӣ ҳосил шуд. Дар хотимаи нишаст аъзои гурӯҳ бо нашри баёнияе гуфтанд, ки қурби арзҳоро бо назардошти нишондиҳандаҳои бозор таъйин мекунанд ва аз амдан поён бурдани арзиши арз парҳез мекунанд, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ зиёновар аст.