Як мақоми расмии Ироқ мегӯяд, баъзе аз ҷиноҳҳои сиёсии эътилофи Иёд Аллавӣ, нахуствазири собиқ гунаҳкори то кунун ташкил наёфтани ҳукумат ҳастанд. Бо гузашти 7 моҳ аз интихоботи порлумонӣ дар Ироқ, аҳзоби сиёсӣ натавонистаанд, ҳукуматро таъсис диҳанд. Алӣ Ал-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз ҷиноҳҳои сарсахти эътилофи сиёсии Иёд Аллавӣ то кунун саъй кардаанд, “то музокирот дар мавриди таъсиси ҳукуматро баҳам бизананд ва ё монеъи натиҷаи босамари музокирот шаванд.” Ба гуфтаи Алӣ Ал-Даббоғ ин гурӯҳҳои сиёсӣ барои тақвияти мавқеъи худ қудратҳои минтақавӣ такя карда, онҳоро бозигарони минтақаро ба саҳнаи Ироқ мекашанд, ки иштибоҳи стротегист. Дар интихоботи порлумонии рӯзит 7 март дар Ироқ, ҳизби Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири феълӣ раъйи кофӣ барои ташкили ҳукуматро ба даст наовард ва рақиби ӯ ҳизби Иёд Аллавӣ ҳам бо вуҷуди гирифтани орои зиёд, курсии кофӣ барои таъсиси ҳукуматро надорад.