Владимир Козлов-раиси ҳизби сабти ном нашудаи "Алға" ("Ба пеш")-и Қазоқистон рӯзи ҷумъа эълон дошт, ки вай номзадии худро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 пешбарӣ хоҳад кард. Козлов гуфт, сабаб ин нест, ки Нурсултон Назарбоев 70 сола мешавад ва синнаш барои раёсат мутобиқ нест, балки вай барои овардани сиёсати нав дар Қазоқистон ин гуна тасмим гирифтааст. Моҳи сентябри соли ҷорӣ яке аз муттаҳидони наздики Назарбоев эълон кард, ки Назарбоев дар интихоботи соли 2012 низ номзадии худро пешбарӣ мекунад.