Дар Фаронса нақшаи ислоҳоти низоми нафақа қабул мешавад?

Қарор аст, имрӯз порламони Фаронса барои як тарҳи нақшаи зуддунақизи ислоҳот дар низоми бознишастагӣ ё нафақа рай диҳад. Ҳукумати президент Никола Саркозӣ мегӯяд, барои ҳар чӣ зудтар ба тасвиб расидани ин пешнависи қонун аз тадбирҳои вижа кор мегирад. Бо наздик шудани ин райдиҳӣ дар Сенат иттиҳодияҳои синфии Фаронса даъват кардаанд, ки тазоҳуроти эътирозӣ ду рӯзи дигар идома ёбад. Бад-ин тариқ ин тӯлонитарин тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Аврупо дониста мешавад. Ҳоло Саркозӣ бо эътисоби 11 рӯзаи кормандони полоишгоҳҳо ва амборҳои сӯхт мубориза мекунад, ки дар натиҷаи ин эътисоб тақрибан чаҳоряки марказҳои таъмини сӯхт бидуни сӯхт мондаанд.