Кӯҳканҳои Чилӣ соҳибони конро ба додгоҳ мекашанд

31 тан аз кӯҳканҳои Чилӣ, ки бар асари садамаи рӯзи 5 август дуву ним моҳ зери замин монда буданд, аз болои соҳибони кон ба додгоҳ шикоят мебаранд. Ба гуфтаи вакилони дифоъи онҳо, кӯҳканҳо мехоҳанд дар мурофиаи додгоҳӣ муқаррар кунанд, ки масъули ин ҳодиса киҳоянд.
Яке аз кӯҳканҳо изҳор намуд, ки се соат қабл аз фурӯрезии кӯҳпора онҳо ба масъулини кон дар бораи садои ғайримуқаррарӣ баланду гӯшхарош хабар дода хоҳиш карданд, ки онҳоро боло бардоранд ва аммо ҷавоби рад гирифтанд.
Ҳамаи 33 кӯҳкан 13 октябр тавассути қафасаи махсус аз зери замин берун карда шуданд. Раҳоии онҳо ба иди миллӣ дар сартосари Чилӣ табдил гардид.