Белорусия дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурд месозад

Белорусия дар бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Созиш дар ин бора дар нишасти комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Белорусия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Минск ҳосил шуд. Раиси ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки Белорусия мехоҳад ҳамчунин Тоҷикистонро бо таҷҳизоти электротехникӣ таъмин кунад. Ба гуфтаи Назриев, Комиссиюн ба коршиносон супориш дод, ки мавзӯъи бунёди корхонаи тавлиди техникаи кишоварзии Белорус, аз ҷумла, тракторҳои МТЗ, дар Тоҷикистонро биомӯзанд.
Дар нишасти Комиссиюн мавзӯъи фурӯши тракторҳои Белорусия ба кишоварзони тоҷик ва содироти меваҳои тозаву хушки Тоҷикистон ба Белорусия ҳам баррасӣ шудааст.