Вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба дунболи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар таърихи 23 август ҷиҳати таъмини ҳифозати боздоштгоҳҳову маҳбасҳо тадобири изофӣ андешида шудааст.
Оқои Худоёров гуфт, дар ин авохир дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ боздоштгоҳҳои нав сохта шуда, шароити нигоҳдории боздоштшудагон беҳтар шудааст.
Вазири адлия ҳамчунин гуфт, сохтмони як маҳбаси вижа барои онҳое, ки ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд, оғоз ёфтааст.
Дар Тоҷикистон рӯи ҳукми қатл мораторий ҷорӣ шудааст ва ба ин далел, ҷазои олӣ дар ин кишвар ҳабси умрбод мебошад.