Додситонии Суғд бо нашри як баёния хабари вуҷуди гурӯҳе то ҳол ноошнои мавсум ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро, ки масъулияти таркиши интиҳорӣ дар Хуҷандро бар дӯш гирифтааст, бепоя хонд.
Бархе аз расонаҳои интернетӣ ахиран аз қавли мақомоти додситонии Суғд навиштанд, ки панҷ узви гурӯҳи мазкур, ки гӯё як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) бошад, ба иттиҳоми даст доштан дар таркиши Хуҷанд боздошт шудаанд. Аммо баёнияи додситонии Суғд ин хабарро рад мекунад.
Додситонии Суғд дар баёнияи худ мегӯяд, дар мавриди ошкор шудани ҳаракати нави иртиҷоие бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва аз ҷониби аъзои он роҳандозӣ шудани ҳамлаи интиҳории рӯзи 3 сентябр ба шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд, ки дастикам 4 кушта ва 26 захмӣ ба ҷо гузошт, маълумоте дар ихтиёр надорад ва нашр ҳам накардааст.
Карим Комилов – сухангӯи додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Додситон умуман дар бораи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳарф назадааст . Танҳо гуфт, ки мансуб ба гурӯҳи эктремистӣ будани содиркунандаҳои ин ҷиноят дар ҷараёни тафтиш муайян карда хоҳад шуд.”
Хабарҳои беасос
Дар ҳафтаи гузашта бархе расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба мақомоти додситонии вилояти Суғд дар бораи даст доштани ин гурӯҳ дар ҳвамлаи Хуҷанд хабар доданд. Аммо додситонӣ акнун ин хабарҳоро такзиб мекунад ва мегӯяд, фарзияи даст доштани Ансоруллоҳ дар дасти таҳқиқи қазияи таркиши Хуҷанд қарор надорад.
Ангушти иттиҳоми мақомот дар робита ба ин ҳамла бештар ба сӯи ҲИУ баланд шудааст. Абдураҳим Қаҳҳоров – вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳам гуфт, дар ҷараёни тафтишоти қазияи таркиши Хуҷанд 14 сокини Истаравшан боздошт шуданд, ки ба гуфтаи оқои вазир, ба ҲИУ иртибот доштаанд.
Дар мавриди 3 нафари онҳо аз ҷониби додситонӣ парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳомоти “терроризм” ва “одамкушӣ” боз шуда, ба гуфтаи тафтишот, худи омили ҳамла Акмал Каримов, сокини Хуҷанд, ҳангоми анҷоми ҳамла ба қароргоҳи РОБОП кушта шудааст.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” чӣ гурӯҳест ?
Кори дасти аъзои гурӯҳи то ҳол номаълуме бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” будани таркиши рӯзи 3 – юми сентябр дар Хуҷанд аз як хабари нашршуда дар як сомонаи интернетии ҷудоиталабони Қафқози Шимолӣ маншаъ мегирад, ки дафъатан баъди он ҳодиса ба нашр расид. Ба навиштаи он, ҷангандаҳои ҷамоати мазкур масъулияти ҳамлаи маргталабонаи Хуҷандроо бар ӯҳда гирифта, гуфтаанд, ки ин амалро ба хотири ниқор анҷом додаанд.
Аммо “Ансоруллоҳ”, ки дар бораи рабти он ба таркиши Хуҷанд то ҳол хабарҳои зидду нақизе ба нашр мерасанд, чӣ гурӯҳест ?
Дар ин маврид мақомоти Тоҷикистон изҳори бехабарӣ мекунанд. Абдураҳим Қаҳҳоров – вазири корҳои дохилӣ аз ҷумла мегӯяд:
“Дар бораи ин ки инҳо (манзур – ҳамлаварони интиҳорӣ ба шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта) ба гурӯҳи Ансоруллоҳ шомиланд, чизе гуфта наметавонам.Барои он ки дар бораи як гурӯҳ сухбат кунем, бояд донем, ки ҳадафи он чист, кӣ раҳбараш аст, чӣ ақидаву низомнома дорад.”
Ба гуфтаи вазири дохилӣ, то ҳол фаъолияти чунин гурӯҳе дар Тоҷикистон ошкор нашудааст. Маҳофил низ вуҷуди гурӯҳе бо чунин номи Ансоруллоҳро зери шубҳа гузошта, мегӯянд, ки он шояд бофтаи хаёлҳо бошад. Наимҷон Самеъзод – як рӯҳонии маъруфи сокини Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Фикр мекунам, маълумот дар бораи ин гурӯҳ асл надорад ва бофта аст. Чунки гурӯҳе бо чунин номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ин ҷо аз худ дарак надодааст ва фаъолияташ ба назар нарасидааст. Масалан, мисли ҳизби таҳрир, ки дар саҳнаи фаъолият худро шиносонида буд. Номи чунин ҷамоатро баъди таркиш шунидем.”
Гурӯҳҳои тундрави навзуҳур
Аммо ин барои бори аввал нест, ки ба воситаи бархе аз расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳе ҳам аз мақомот дар бораи арзи вуҷуди гурӯҳи нави тундраве дар саҳнаи минтақа баён мешавад. Ибтидои ҳазораи дуюми милодӣ гурӯҳе аз боздоштшудагон ба иттиҳоми куштори як руҳонии баптист дар минтақаи Исфараи вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти додситонии Тоҷикистон ба унвони гурӯҳи “Байъат”, ҳамин тавр, дар вилояти Андиҷони Узбакистон гурӯҳе тоҷирони диндор ба номи пайравони “Гурӯҳи Акрамия” аз сӯи мақомоти зидахли ин кишвар муаррифӣ ва куштаву зиндонӣ карда шуданд.
Бархе аз коршиносону таҳлилгарон ҳам мегуфтанд, ба шакли як созмон ё гурӯҳи созмонёфта муаррифӣ кардани дастардаркорони ҷиноятҳо барои мақомоти тафтишотӣ имконоти шадидан саркӯб кардани аъзои онро фароҳам меоварад. Асноди ҷиноятии Тоҷиткистон ба мисли соири давлатҳо барои содир кардани ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи созмонёфта ҷазои хеле сахттар назар ба айни ҷинояти аз сӯи як фарди алоҳида содиршударо пешбинӣ мекунад.
Дар муддати панҷ – даҳ соли гузашта аз кашфи ин гурӯҳҳо ва боздошти аъзои аввалинаш дигар фаъолияти гурӯҳе бо номи “Байъат” ва ё “Акрамия” ба мушоҳида нарасидааст. Аммо қазияи “Чамоати Ансоруллоҳ” печидатар ба назар мерасад ва маълум нест оё воқеан ин гурӯҳ то куҷо дар воқеъ вуҷуд дорад ва то куҷо бофтаи хайёлҳост? Ва агар бофта аст, пас дар пушти ин ҳама хабарҳои зидду нақизи интернетӣ дар бораи ин гурӯҳ киву чӣ меистад. Вале агар воқеъист, пас ҳадафаш аз ҳамлаи Хуҷанд, нахустин таркиши интиҳорӣ дар Тоҷикистон чӣ буд?