Вазири дохила дар бораи М. Аҳмадов изҳори назар кард

Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, гунаҳкор будан ё набудани Аҳмадов собит нашудааст ва ҳамчунин масъулиятро бар дӯш нахоҳад гирифт:

"Аввал, ба ман то ҳол касе нагуфтааст, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов гуноҳе надорад. Вай гуноҳ дорад ё надорад, ман ин масъулиятро бар дӯш намегирам, зеро барои ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ парванда боз шудааст. Бозрасӣ идома дорад. Дар ҷараёни бозрасӣ гуноҳи ҳар яке аз аъзои гурӯҳ муайян хоҳад шуд".

Вай афзуд, аз ҷайби яке аз 7 ҷангиёни кушташуда дар водии Рашт шиносномаи русӣ пайдо шудааст, ки ба шаҳрванди Русия Равил Сайфуллин тааллуқ дорад.