Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки даъвати ширкат дар нишасти НАТО дар Лиссабонро барои моҳи оянда пазируфтааст. Изҳороти мазкур ҳангоме нашр шуд, ки раҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон дар шаҳри шимолии Довили Фаронса дар заминаи ҳамкориҳои амниятиву низомӣ ва таъсиси сипари зиддимушакӣ дидору мулоқот мекунанд. Нишасти НАТО дар пойтахти Португалия рӯзҳои 19 ва 20 ноябр баргузор мешавад.