Роҳбари ширкати «Помирэнержӣ» Далер Ҷумъаев итттилоъ дод, ки агрегати дар Ҳиндустон сохташудаи нерӯгоҳи обии барқии «Помир-1» марзҳои Туркманистон ва Узбакистонро убур карда, интизор меравад, пас аз як ҳафта аз масири Қирғизистон ба Хоруғ бирасад.
Интиқоли агрегати мазбур аз Ҳиндустон ба Бандари Аббоси Ирон ва аз он ҷо ба ҷойи муайяншуда ба муддати қариб як сол ба таъхир афтод. Роҳбари ширкат афзуд, ки корҳои васлкунии қисмҳои ин агрегат, ки бо роҳи нақлиётии Душанбе-Хоруғ чанд рӯз пеш ба нерӯгоҳ оварда шуданд, ба анҷом расиданд.
Нерӯгоҳи "Помир-1" дубора таъмир мешавад
Вай изҳор дошт, ки қисмҳои асосӣ ва вазнини агрегат дар ду мошинаи зиёда аз 40 тонна, тавассути шаҳри Уши Қирғизистон ба Бадахшон ворид мешаванд.
Харобии роҳҳои нақлиётии Душанбе-Хоруғ ва тавони ками борбардории пулҳо дар ин масир, сабаби рӯ овардан ба роҳи нақлиётии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди вуруди қисмҳои вазнини ин дастгоҳ арзёбӣ мешавад.
Ширкати ҳиндӣ пас аз чанд моҳи таъхир, агрегатро сохта, аммо баҳори имсол дар мавриди наҳваи интиқоли он ба Бадахшон баҳс ба миён омад. Мақомоти вилояти Бадахшон ба ниҳодҳои роҳсозӣ супориш дод, ки ба қабули эҳтимолии вуруди агрегат тавассути гузаргоҳи марзи Қулма аз тариқи Чин омодагӣ гиранд ва роҳро дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доранд.
Аммо ба иттилои манбаъҳо, ширкати ҳиндӣ, аз интиқоли он тавассути Чин ба Тоҷикистон худдорӣ варзидааст. Ба гуфтаи роҳбари ширкати «Помирэнержӣ», тибқи қарордоди қаблӣ, интиқоли агрегат аз Ҳиндустон бо роҳи баҳрӣ ба Бандар Аббоси Ирон ва аз он ҷо ба Хоруғ, роҳи осонтари дастрас намудани он будааст.
Таъхир дар вуруди агрегатҳо
Ба назари коршиносон, мушкилоти тронзити бо Узбакистон ва ҳаводиси ахири Қирғизистон, сабаби таъхир дар вуруди агрегат ба НОБ-и «Помир-1» гардиданд.
Аммо бо эътидоли вазъ дар Қирғизистон ва нармиш дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон, қисмате аз таҷҳизоти агрегати деринтизор ба Помир расида, қисмҳои дигари он ба Хоруғ наздик мешавад.
Бархе аз васоили мутааллиқ ба ширкати «Помир энержӣ» дар қатори дигар борҳои ҷумҳурӣ, ба муддати се моҳ дар роҳ банд монда, сипас раҳо шуданд.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъаев, бо вуруд ва насби агрегат то охири сол, оқибатҳои садамаи моҳи феврали 2007-ум дар НОБ-и «Помир-1» пурра бартараф ва иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи 28 ҳазор киловатӣ, барқарор мегардад.
Бар асари садамаи моҳи феврал, ки мутахассисон онро зарбаи гидравлики унвон карданд, аз чаҳор агрегати нерӯгоҳ, яке аз онҳо пурра шикаста, зарурати аз нав сохтани он ба миён омада буд.