Дар Белгия коршикании 24-соатаи кормандони роҳи оҳан шурӯъ шуд. Ин коршиканӣ на фақат ба ҳаракати қаторҳои маҳаллӣ, балки ба ҳаракати қаторҳои “Евростар”, ки Брюсселро бо Лондон мепайвандад, низ таъсир хоҳад гузошт. Айни ҳол ҳаракати қаторҳо дар масири Брюссел-Лондон номумкин шудааст. Бар пояи хабарҳо, имрӯз қаторҳо сӯи пойтахти Британия аз шаҳри Лилли Фаронса ҳаракат мекунанд. Ҳамаи мусофирон аз Брюссел то ба Лилл тавассути автобусҳо расонида хоҳанд шуд.