Ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати мудофиа дар дараи Камароб, ки боиси марги 26 афсару сарбоз гардид, ҳамчунин бахти ду дилдода - ҷавони тоҷик ва духтари туркманро аз ҳам гусаст.
Аз шаҳри Тулаи вилояти Маскав як ҷавондухтари туркман ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба зиёрати қабри ҷавоне омад, ки дар амалиёти Камароб дар мошине, ки ба оташ кашида шуда буд, кушта шуд.
Дар миёни даҳҳо ҷавони кушташудаи тоҷик ҳамчунин Давлатҷон Гиёев, лейтенанти 23-сола аз шаҳри Сарбанд, низ буд, ки қасди бунёди оила бо ҷавондухтари туркмантабор дошту мехост имсол дар зодгоҳаш базми арӯсӣ барпо кунад.
Ишқи ноком
Давлатҷон бо Ҷаннат Худойназароваи 21-сола, донишҷӯи донишгоҳе дар шаҳри Тулаи Русия, ки зодаи Ишқободи Туркманистон аст, дар Маскав ба ҳангоми таҳсилаш дар донишкадаи ҳарбии ин шаҳр ошно шудааст. Баъд аз талошҳои бардавом барои бадастории дили духтари туркман, онҳо ба ҳамдигар аҳди дӯстӣ баста ва ваъдаи ақди никоҳ карда буданд.
Ҷаннат мегӯяд, дӯстписараш Давлатҷонро барои инсони комилу муаддаб буданаш дӯст доштааст: «Ба ман бештар хислати Давлатҷон писанд буд. Вай ҳамеша аз худ ҳамчун ҷавони чолок, ҳузарб, ба қавлаш устувор, маданӣ, нисбат ба бонувон боэҳтиром дарак медод. Давлатро беадолатӣ, ноҷавонмардӣ бисёр нороҳат мекард, вай ҳақталош буд, кӯшиш мекард, ки ба атрофиён ҳамеша судманд бошад, кӯмак расонад…»
Пас аз хатми донишкадаи ҳарбии Маскав, дар моҳи июни соли ҷорӣ, Давлатҷон Гиёев бо дарёфти рутбаи лейтенантӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо қабл аз бозгашт ҳамроҳ бо духтари туркман Ҷаннат паймони хонадорӣ бастанд. Ҷаннат мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки дар курси севвуми донишгоҳ таҳсил мекунаду ҳоло мактаби олиро хатм накардааст, омода буд, бо тоҷикписар издивоҷ кунад:
«Бори охир ӯро 16-уми июни ҳамин сол дида будам. Он рӯз Давлат дипломашро гирифт ва аз Тула ба зодгоҳаш – Тоҷикистон баргашт. Мо аҳд баста будем, ки бояд наздикиҳои зимистон ман ба Тоҷикистон омада, бо ҳам базми арӯсиамонро меоростем. Волидонам ва ҳама ақрабои ман дар Ашқободи Туркманистон ману Давлатро ба ҳам ҷуфти муносиб медонистанд ва ба пайванди мо зид набуданд. Аммо тақдир ҳамин будааст, ки ҳодисаҳои Камароб маро аз Давлатҷон ҷудо кард».
Хати сиёҳ
Ҷаннати дилшикаста меафзояд, баъди бозгашти дӯстписараш ба Тоҷикистон, бо вай иртиботи ҳамешагии телефонӣ дошт. Аммо дар моҳи сентябр робитааш бо Давлатҷон якбора қатъ шуд. Изтиробе, ки дар дили Ҷаннат пайдо шуда буд, пас аз шунидани хабари марги муфоҷои Давлат ба дарди тоқатфарсое мубаддал гашт:
«Бо шунидани хабари марги Давлат, пеши чашмонам сиёҳӣ зад, дар як лаҳза тамоми зиндагии гузаштаам мисли навори филм пеши чашм омад. Эҳсос кардам, ки қалбам аз тапиш бозмонд. Бисёр ашк мерехтам. Тамоми хобгоҳамон ба по хест, бароям ёрии таъҷилии тиббиро даъват карданд. Тамоми шаб хобам намебурд, ҳама бароям арзи тасаллият мекарданд, чун дар бораи достони ишқи мо медонистанд. Дилам тоқат накард ва барои зиёрати қабри ӯ омадам ба Тоҷикистон».
Дар ҳамин ҳол, Ҳалимабону Гиёева, модари Давлатҷони марҳум мегӯяд, истиқболи Ҷаннат – ҷавондухтаре, ки ба зиёрати қабри писараш омадааст, барояш осон набуд. Зеро вай мехост, ки Ҷаннатро ҳамчун арӯси хонадон бубинад ва қабул кунад. Хонум Гиёева афзуд, писараш ҳар боре аз арӯси туркмантабораш дар Маскав ба ӯ ҳикоят мекард ва орзу дошт, волидонашро аз хонаи иҷорае, ки ҳоло сукунат доранд, ба манзили нави шахсӣ кӯчонида, арӯсашро ҳам ба Тоҷикистон биёрад:
«Ба умеди ҳамон бачам будем. Мегуфт, ки очаҷон, як-ду моҳи дигар тоқат кунед, ман донишкадаро тамом мекунам, кор мекунам, хонатон мегирам, то дар хонаи худамон зиндагӣ кунем. Ҳайфи писарам. Ҳамин чанд моҳ пеш омаду дар Душанбе ба кор даромад. Аммо зиёд кор накард, ки хабари маргаш расид…»
Армонҳои Далватҷон
Ҷаннат Худойназарова, ҷавондухтари туркмантабор, низ мегӯяд, Давлатҷон Гиёев ба ӯ ҳамеша аз розу орзуҳояш мегуфтааст: «Вай бисёр орзу дошт, ки барои волидонаш манзили зист бихарад, соҳиби хонаву дари худ бошад, мехост мошини замонавӣ дошта бошад. Давлат мехост, ки мо оилаи хушбахту устуворе ташкил диҳем. Вай намехост, аз падару модараш дур равад, онҳоро тарк кунад. Мо ба чунин қарор расида будем, ки дар Тоҷикистон, ҳамроҳ бо волидонаш зиндагӣ кунем».
Ҷаннат меафзояд, ба Тоҷикистон дар пайи ошноӣ бо Давлатҷон алоқамандӣ пайдо кардааст. То он замон вай дар бораи Тоҷикистон танҳо ҳамин қадар медонист, ки ин кишварест дар Осиёи Марказӣ.
Аммо баъдтар, ба Тоҷикистон дил баст, ҳатто ба омӯзиши фарҳангу забон ва анъанаҳои мардумии ин кишвар пардохт. Аммо ҳоло ки бори аввал ба Тоҷикистон омад, ин кишварро бе ҷавони орзуҳояш, бидуни Давлатҷон Гиёев дарёфт.