Пармакории дарозтарин нақби ҷаҳон ба охир расид

Муҳандисони Шветсария пармакории Готтҳард-дарозтарин нақб дар ҷаҳонро ба итмом расонданд. Ин нақби 57 километрӣ аз зери кӯҳҳои Алп мегузарад ва роҳро миёни Аврупои шимоливу ҷанубӣ хеле кӯтоҳтар месозад. Қарор аст, ин нақб ё туннел соли 2017 боз шавад. Коршиносон мегӯянд, бо оғози истифода аз ин нақб олудагии ҳаво аз дуди мошинҳо низ камтар мешавад. Ин нақб 7 миллиард доллар арзиш дорад ва сохтмони он 15 сол пеш шурӯъ шуда буд. Дар баъзе ҷойҳо умқи ин нақб аз сатҳи замин 2 000 метрро ташкил медиҳад.