Вазири дифои Белгия аз Тоҷикистон боздид мекунад

Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз Питер де Крим-вазири дифои Белгия барои боздиди дурӯза аз Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин боздид Питер де Крим бо раҳбарони Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ ва масъалаҳои ҳамкориҳои низомиву фанниро баррасӣ кунад.