Дар Русия, ки мақомот барои ҷилавгирӣ аз коҳиши теъдоди аҳолӣ талош доранд, саршумори аҳолӣ оғоз ёфт. Дар ин маърака, ки то 25 октябр идома мекунад, 650 ҳазор нафар дар саросари Русия аз мардум доир ба хонаводаву миллият ва дигар шароити зиндагии онҳо суол хоҳанд кард. Аҳолии 148 миллион нафарии Русия, баъди суқути шӯравӣ дар соли 1991 то кунун ба 142 миллион нафар расидааст. Маргумир ва исқоти зиёди ҳамл, бебандубориҳои иқтисодиро аз омилҳои коҳиши аҳолӣ дар Русия медонанд. Натиҷаҳои шумориши нуфус, ки барои он 550 миллион доллар сарф шудааст, охири соли оянда эълом хоҳад шуд.