"Дӯстони Покистон" дар Брюссел ҷамъ меоянд

Гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Покистон”, ки аз 26 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ таркиб ёфтааст, аз давлати Покистон хоҳад хост, кӯмакҳои молии байналмилалиро зоеъ накунад. Нишасти гурӯҳ имрӯз дар шаҳри Брюссел баргузор мешавад ва қарор аст, дар он намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо, Арабистони Саудӣ ва Эрон низ ширкат кунанд. Ба гузориши Радиои Машъал, ҳозирони нишаст аз давлати Покистон хоҳанд хост, то бо ислоҳоти фаврии сохторӣ ва маъмурӣ, миллионҳо доллар кӯмакҳои хориҷӣ барои рафъи обхезиҳои фалокатборро дурусту муассир харҷ кунад. Баъзе аз мақомоти маҳаллӣ дар Покистон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат дар тақсими кӯмакҳои молӣ беадолатӣ мекунад. Обхезиҳои тобистони имсол миллионҳо нафарро дар Покистон бехонумон кард.