Қарор аст рӯзи чаҳоршанбе, 13-ӯми октябр Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз ноҳияҳои водии Рашт боздид ва дар ин минтақа бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ошно шавад. Вай ҳамчунин бо аҳолии ин минтақа дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Зуҳуров ахиран дар яке аз иҷлосияҳои порламон гуфт, вазъи орому сулҳомези Тоҷикистон ба баъзе нируҳои сиёсӣ ва созмонҳои ифротгаро, ки бо кишварҳои хориҷӣ робита доранд, хуш намеояд. Вай гуфт, аксари аҳолии шарқи кишвар аз ҳукумат ва низоми қонунии Тоҷикистон ҳимоят мекунанд.