Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки Зайналобуддин Маннонов яке аз раҳбарони рӯҳонии минтақаи Рашт бо 4 писараш боздошт шудаанд. Бино ба гуфтаи оқои Салимзода, вай дар хонааш ба ҷавонон фаъолиятҳои тахриботиро меомӯзондааст ва ҳамдастии вай бо гурӯҳҳои террористӣ собит шудааст. Зайналобуддин дар Покистон таълими исломӣ гирифтааст.