Шерхон Салимзора-Додситони Кулли Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ононе ки дар таркиби гурӯҳҳои мусаллаҳ дар нооромиҳои минтақаи Рашт ширкат доранд, дар сурати ихтиёран гузоштани аслиҳа ва баргаштан ба ҳаёти осоишта аз ҷавобгарӣ озод дониста мешаванд. Вай дар ин бора бо ишора ба дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон чунин гуфт:
"Дастури раиси ҷумҳур вуҷуд дорад, ки агар касе аз онҳо, аз аъзои гуруҳҳои мутташаккил ихтиёран аслиҳаи худро супорад ва ихтиёран аз идомаи ширкат даст кашад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад. Ва ҳоло дар ин бора кор идома дорад".
Додситони Кулл афзуд, дар ин бора хабарҳои алоҳида вуҷуд дорад, вале он барои халал ворид накардан ифшо намешавад.