Ситоиши Барак Обама аз интихоботи Қирғизистон

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико Қирғизистонро барои баргузории интихоботи бонизом ситоиш кард. Ӯ гуфт, интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, “ҷанбаҳои мусбати демократияи ҳақиқиро” намоиш дод. Аз ин пеш нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз шеваи баргузории интихобот дар Қирғизистон ситоиш карданд. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ панҷ ҳизби сиёсӣ ба порлумони Қирғизистон роҳ ёфтаанд. Се моҳ пештар аз интихобот, дар Қирғизистон миёни қирғизу ӯзбакҳо муноқиша сар зад, ки дар натиҷа садҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар вокуниш ба интихоботи Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон ба раъйи мардуми Қирғизистон эҳтиром мегузорад.