Нигаронии мусофирон аз ҳамла ба корвони мошинҳо

Ҳамла ба корвони мошинҳо дар наздикиҳои деҳаи Ёли Шӯрообод рух додааст

Ба думболи ҳамлаи гурӯҳи номаълум ба корвони мошинҳо дар масири Хоруғ-Душанбе дар минтақаи Шӯрообод ронандаҳои дигар сафари Душанберо аз роҳи ағбаи Хобуробод идома додаанд. Нарзулло Давлатов, як ронанда, ки нав аз Душанбе ба Хоруғ расидааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари ронандаҳо ё сафар ба Душанберо лағв кардаанд, ё аз тариқи ағба ба пойтахт мераванд.
Ходимони Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд, аммо азбаски ҳамла берун аз қаламрави вилоят сӯрат гирифтааст, онҳо ҳодисаро расман сабт накардаанд.

Субҳи имрӯз хабаргузориҳо аз ҳамлаи мусаллаҳонаи як гурӯҳи ношинос ба корвони мошинҳои масири Хоруғ-Душанбе гузориш доданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гуруҳи ҳамлавар чанд тан аз мусофирони корвонро бо худ бурдааст. Кумитаи Марзбонии Тоҷикистон аз вуқӯи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Тахмин зада мешавад, ки ин ҳодиса дар қисмати сарҳадии дур аз назари марзбонон ба вуқуъ пайвастааст.

Ҳамла кори дасти кист?

Дар бораи ҳуввияти афроди ҳамлавар низ иттилоъи дақиқ вуҷуд надорад. Танҳо гуфта мешавад, ки онҳо мусаллаҳ будан ва аз рӯи сару либоз ба афғонҳо шабоҳат доштанд. Ин гурӯҳи ҳамлавар ба корвон таҳдид кардааст, ки онҳоро ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Нарзулло Давлатов, ронандае, ки субҳи имрӯз аз Душанбе ба Хоруғ расид, гуфт дар ин ҳамла "роҳзанон" пулу мол ва телефонҳои мобили ронандаҳо ва мусофиронро ба яғмо бурданд. Ӯ афзуд, ҳамлаи мусаллаҳона дар роҳи Шӯрообод сабаб шуд, ки мошинҳои мусофирбари Хоруғ-Душанбе акнун ба воситаи ағбаи Хобурубоди маҳалли Сағирдашт ба Хоруғ меоянд.



Нарзулло Давлатов мегӯяд, қарор аст, ки ӯ дар роҳи бозгашт даъватшавандаҳои артишро бо худ ба Душанбе бубарад. Аммо на аз роҳи Шӯробод, балки аз роҳи ағбаи Хобуробод.

Мусофирон аз сафар худдорӣ мекунанд


Танзимгари терминали мусофиркашонии Хоруғ Саъдӣ Элназаров ҳодисаи ҳамлаи "роҳзанҳо" ба корвони мошинҳо ва ба яғмо рафтани пулу моли мусофирону ронандаҳоро таъид кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, воҳимаи ин ҳодиса теъдоди хоҳишмандони сафар ба Душанберо коҳиш дод.



Ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳалли Шӯробод хабари нав нест. Ин гуна шабехунҳо дар гузашта низ дар деҳкадаҳои наздимарзӣ ва масирҳои камодам ба вуқуъ пайвастаанд. То чанд соли пеш гурӯҳҳои қочоқбари мусаллаҳ теъдоде аз мардуми деҳнишини ҳаммарз бо Афғонистон рабуда ва ба ин кишвари ҳамсоя интиқол доданд.

Аз сӯи дигар ронандаҳо ду фарзияи дигар, имкони вуҷуди нируҳои мусаллаҳ дар кӯҳистони ҷануби кишвар ва ё даст доштани афроди маҳаллӣ, ки ба мақсади ғорат либосҳояшонро дигар карданд, аз эҳтимол дур намедонанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба манзури тақвияти ҳимоят аз марз нерӯҳои иловагӣ аз минтақаи Кӯлоб ба Шӯрообод эъзом шудааст.