Имрӯз боздиди Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, аз кишварҳои минтақаи Балкан шурӯъ мешавад. Қарор аст ӯ аз Босния ва Ҳерсеговина, Сербистон ва Косово дидан кунад. Ояндаи Босния ва Ҳерсеговина баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумон дар аввали ҳамин моҳ, масъалаи Косово ва авзоъи минтақа аз мавзӯъҳои баҳси Ҳилларӣ Клинтон бо раҳбарони он се кишвар будааст.