Ҳалокати 9 нафар дар таркишҳои масҷид дар Покистон

Дар ду инфиҷори зоҳиран худкушона дар хонақоҳи сӯфиён дар шаҳри Карочии Покистон ба камияш 9 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Таркишҳо дар масҷиди Абдулоҳ Шоҳғозӣ дар поёни намози шом, вақти пуриздиҳомии масҷид ба вуқӯъ пайваст. Раисиҷумҳури Покистон, Осифалӣ Зардорӣ ситезаҷӯёни исломиро масъули ин ҳамла номид.