Таркиш дар маъбади сӯфиён

Полис мегӯяд, ки имрӯз дар як ибодатгоҳи сӯфиён дар шаҳри ҷанубии Карочии Покистон ду таркиш рух дод. Бар тибқи иттилои аввалия, дар ин ҳодиса дасти кам се нафар кушта ва 20 тани дигари захмӣ шуданд. Як мақоми полис гуфт, ки таркишҳо дар маъбади Абдуллошоҳ Қозии воқеъ дар наздикии баҳри Араб рух доданд. Чандин таркиши масҷиду ибодатгоҳҳоро солҳои охир гурӯҳҳои ҷангиён ба ӯҳда гирифтаанд.