Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба хотири таҳқиқи вазъ ва равандҳои рушди забони давлатӣ марказе бо номи "Конуни забони тоҷикӣ" таъсис дода шавад. Вай гуфт, ин марказ метавонад, дар бинои китобхонаи миллии кишвар ҷойгир шавад. Дар паёмаш ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон, ҷаноби Раҳмон аз вазъи феълии истифодаи забони давлатӣ изҳори нигаронӣ ва аз сохторҳои давлатӣ дар иҷрои Қонуни забон шадидан интиқод кард. Вай ҳамчунин аз Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот тақозо кард, ки ба ҳамгунсозии истилоҳот, ташхиси забоншиносии китобҳои дарсӣ ва фарҳангу вожаномаҳо ва ба забони илму мудирият табдил ёфтани тоҷикӣ мусоидат кунад.