Даъвати Иёлоти Муттаҳида аз ғолибони интихоботи Боснӣ

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида аз сарони тозаинтихоби Боснӣ даъват кард, барои бунёди ояндаи неки ин кишвар "забони мушатарак" пайдо кунанд. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки интихоботи рӯзи якшанбе дар Боснӣ ихтилофоти қавмиро ангезиш додааст. Дар интихобот раҳбари мӯътадили мусулмонон Боқир Иззатбекович пирӯз омад, ки гуфтааст, хостори ҳамкории қавмӣ ва рушди иқтисодии кишвар аст. Раҳбари феълии хорватҳо Зелко Комшич, ки аз Боснии сермиллат ва амн ҳимоят мекунад, низ узви раёсати сегона шуд. Аз сербҳои Боснӣ раҳбари феълии онҳо Небойса Радманович дубора интихоб шуд. Вай тарафдори ҷудо шудани сербҳои Боснӣ аз мусулмонон ва хорватҳо мебошад.