Торнамоҳои мухолифи эронӣ хабар додаанд, ки айбномаи додгоҳии корманди Сафорати Бритониё дар Теҳрон, Ҳусейн Рассом, аз ҷосусӣ ба ширкат дар тазоҳурот иваз ва мӯҳлати ҳабси ӯ аз 4 сол ба як соли шартӣ тағйир дода шуд. Рассом дар моҳи июни соли 2009 дар яке аз раҳпаймоиҳои зидди пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ боздошт шуда, ба ҷосусӣ ва ангезиши ошӯбҳои оммавӣ айбдор шуд. Тағйири ҳукми додгоҳ ҳамчунин Рассомро аз кор дар намояндагиҳои хориҷӣ барои 5 сол маҳрум кардааст.