Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ҳамтои беларуси худ Аляксандр Лукашенкоро ба талошҳои "ҷангандозӣ"-и мардумони ду кишвари Русия ва Беларус айбдор кард. Дар ин бора Медведев дар торнигори видеоии худ сӯҳбат кардааст. Вай гуфт, Лукашенко маъракаи таблиғоти интихоботии хешро комилан бар пояи шиорҳои зиддирусӣ ва "лаънатҳо ба раҳбарияти Русия" бунёд кардааст. Медведев гуфтааст, ҷустуҷӯи душмани беруна як одати доимии Лукашенко буда, дар гузашта Амрико, Аврупо ва куллан Ғарб ин нақро бозидаанд ва ҳоло навбати Русия расидааст. Ин изҳороти Медведев дар ҳоле мунташир шуд, ки чанд рӯз пеш Лукашенко ӯро ба ташкили маъракаи интиқодӣ дар расонаҳои ҳамагонии Русия айбдор кард.