Давлати Амрико имрӯз шаҳрвандонашро ҳушдор дод, ки зимни сафар ба Аврупо мувозеҳи таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ бошанд. Ин ҳушдор, ки аз сӯи вазорати хориҷаи Амрико эълон шуд, куллан алайҳи сафар ба Аврупо нест, вале аз сайёҳон даъват мекунад, аз эҳтиёти тамом кор гирифта, гӯшбақимори чунин таҳдидҳо бошанд. Сухангӯи Кохи Сафед Филлип Кровлӣ гуфт, маъмурияти Барак Обама ҳифзи манофеъи Амрико аз таҳдидҳои шабакаи Ал-Қоидаро ҳамчунон дар авлавият қарор медиҳад. Ахиран матбуот бо такя ба иттилооти иктишофӣ дар бораи қасди силсилаи ҳамалот дар чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла Бритониёву Фаронса ва Олмон хабар дод.