Сарвазири Чин Вен Ҷибао имрӯз дар Афина дар баробари вакилони парлумони Юнон гуфт, ки Пекин аз еврои собит ҳимоят мекунад ва саҳми ин воҳиди пули муштараки 16 кишвари Аврупоро дар портфели асъори хориҷиаш коҳиш нахоҳад дод. Вен Ҷибао ҳамчунин аз аломатҳои аз вартаи бӯҳрони қарз берун омадани Юнон изҳори хушҳолӣ кард. Пекин харидории вомҳои давлатии Юнонро ба Афина пешниҳод кардааст.