Кашфи аҷсоди 5 ангишткан дар кони "Распадская"

Аз нақбҳои селшустаи кони ангишти “Распадская” дар вилояти Кемерово, дар минтақаи Сибири Русия аҷсоди 5 ангиштканро пайдо кардаанд, ки шумори расмии қурбониёни ду таркиши гази метан дар ин кон дар моҳи майро ба 68 нафар мерасонад. Кашфи аҷсоди ин 5 ангишткан дар ҷараёни анҷоми корҳои тармимӣ дар кони “Распадская”, бузургтарин кони зеризаминии ангишт дар Русия, муяссар шудааст. Фалокати рӯзи 8 май яке аз пурқурбонитарин таркишҳо дар конҳои ангишти Русия дар 19 соли гузашта аз замони фурӯпошии Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва аҷсоди 20 ангишткан то ҳол ёфтношуда боқӣ мемонад.