Интиқоди СММ аз вазъи зиндонҳои Қазоқистон

Манфред Новак, гузоришгари Созмони Милал барои маҳви шиканҷа, мегӯяд, умедвор аст, мақомоти расмии Қазоқистон аз пинҳон доштани вазъи воқеъии зиндонҳо даст мекашанд. Ӯ дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасте доир ба ислоҳоти низоми зиндонҳо дар шаҳри Остона сухан гуфт. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ Манфред Новак гуфтааст, ки аз он огаҳ аст, ки қабл аз боздидаш ба баъзе зиндонҳои Қазоқистон онҳоро аз пеш оро дода ба тартиб даровардаанд. Тайи чанд моҳи ахир баъзе аз зиндониёни қазоқ ба нишони эътироз аз бадрафтории посбонҳо ва шароити бади зиндонҳо шикамҳои худро чок карданд. Манфер Новак гуфтааст, ба худи ӯ низ маҳбусон доир ба бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқашон шикоят кардаанд.