Покистон имрӯз дар посух ба ҳамлаи нерӯҳои НАТО дар қаламраваш роҳи асосии икмолотии ин нерӯҳо дар Афғонистонро баст. Мақомоти расмӣ дар Исломобод мегӯянд, убури мошинҳои ҳомили маводи сӯхт ва муҳимоти дигарро барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон қатъ кардааст. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, се сарбози артиши Покистон аз ҳамлаи чархболҳои НАТО дар минтақаи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон кушта шудаанд. Онҳо афзудаанд, ин се нафар узви гурӯҳҳои ниманизомии марзбонӣ будаанд. Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон гуфтаанд, дар пайи таҳқиқи ин хабаранд. Ин бори чаҳорум аст, ки чархболҳои НАТО ба қаламрави Покистон зарба мезананд ва Исломобод аз ин ҳамлаҳо шадидан эътироз кардааст.