Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, бар асари даргириҳо дар вилояти Қандаҳор ҳазорон нафар ба минтақаҳои дигар паноҳанда шудаанд. Фирори онҳо аз минтақаҳои Арғандоб ва Жарӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар ин вилоят амалиёти густардаи нерӯҳои НАТО зидди ошӯбгарон оғоз ёфтааст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон гуфтааст, бо идомаи амалиёт мумкин аст, теъдоди паноҳандагон ба маротиб афзоиш ёбад.