Талоши ИМА барои ҳифзи музокироти сулҳи Ховари Миёна

Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи хоси Амрико, имрӯз талошҳо барои ҳифзи музокироти мустақими сулҳи Исроилу Фаластиниёнро шурӯъ кард. Идомаи ин музокирот зери шубҳа қарор дорад, зеро Исроил аввали ин ҳафта ба идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолии Каронаи Ғарб иҷоза дод. Чизе, ки фаластиниён мухолифи онанд. Қарор аст, имрӯз Ҷорҷ Митчелл бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил, гуфтӯгу кунад. Як рӯз баъд, Ҷорҷ Митчелл бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён дидор хоҳад дошт, ки тасмими даст кашидан аз музокироти сулҳро то замони мулоқот бо раҳбарони кишварҳои арабӣ ба таъхир андохт.