Нахустин мақоми сиёсии писари Ким Чен Ир

Ким Чен Ун, писари раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир, узви Кумитаи марказии Ҳизби коргар, ҳизби ҳукмрони кишвар интихоб гардид. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Кореяи Шимолӣ, ӯ ҳамчунин мақоми муовини раиси Комиссиюни марказии низомии ҳизбро соҳиб шуд. Ин аввалин мақоми сиёсии писари хурдии Ким Чен Ир аст. Ба гуфтаи нозирон, раҳбари Кореяи Шимолӣ мехоҳад, ки писари хурдияш ҷойгузини ӯ шавад ва аммо баъзе аз таҳлилгарон Ким Чен Унро хело ҷавон ва бетаҷриба мехонанд. Гуфта мешавад, ки ӯ тақрибан 27 ё 28-сола аст. Дар арафаи конфаронси ҳизб падараш ба Ким Чен Ун рутбаи генералӣ эҳто карда буд.
Конфаронси Ҳизби коргар бор нахуст дар 30 соли ахир баргузор шудааст.