Ҷорҷ Митчел ба Ховари Миёна бармегардад

Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна, ба минтақа бармегардад. Бозгашти ӯ ба Ховари Миёна ба думболи иқдоми Исроил барои аз сар гирифтани бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун сурат мегирад. Тасмими Тел Авив дар мавриди идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламрави ишғолии Фаластинро Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, амали “таҳрикдиҳанда” унвон кард. Аз тасмими Исроил сарони Амрико, Фаронса, Бритониё ва дигар кишварҳо интиқод кардаанд. Дар ҳамин ҳол Филип Кроулй, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА, аз “хештандории” ҳукумати Фаластин ва раҳбари он Маҳмуд Аббос ситоиш намуд.
Мӯҳлати мораторий барои бунёди манозил дар қаламрави ишғолии Каронаи бохтарии рӯди Урдун, ки даҳ моҳ пеш аз сӯи Исроил эълон шуда буд, дирӯз поён ёфт. Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, аз ин пеш эълом дошт, ки дар сурати аз сар гирифта шудани бунёди манзил дар қаламрави ишғолии Фаластин, музокироти мустақим бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро тарк ъ мекунад. Ӯ ахиран эълом дошт, ки дар бораи идомаи музокирот баъд аз як машварат дар Рамаллоҳ ва нишасти кишварҳои арабӣ дар Қоҳира дар авоил моҳи оянда тасмим хоҳад гирифт.