Ҷамъияти бузургтарини туркманҳои Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон ба сар мебаранд, аз нарасидани китобҳои таълимӣ барои 7 мактаби туркмании маҳаллӣ ва аз эҳтимоли басташавии ин таълимгоҳҳо дар оянда изҳори ташвиш мекунанд.
Дар ноҳияи Ҷилликӯл феълан наздик ба 30 ҳазор туркмантабор ба сар мебаранду ҳазорҳо кӯдаки онҳо дар мактабҳои маҳаллии туркманӣ аз ноилоҷӣ адабиёти дарсии тоҷикиро истифода мекунанд.
«Аз норасоии китобҳои дарсии туркманӣ танқисӣ дорем»
Даврон Абдураҳмонов, яке аз раҳбарони деҳаи ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Ҷилликӯл, ки то 7 ҳазор туркмантабор он ҷо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ҳоло ки давлати Туркманистон ба алифбои лотинӣ рӯ овардааст, ин алифбо барои фарзандони туркманҳои Тоҷикистон ошно нест, биноан харидории китобҳои дарсӣ аз он кишвар холӣ аз манфиат мебошад:
«Мо аз камбуди китобҳо танқисӣ дорем. Мушкил ин аст, ки мо алифбои сириллӣ дорем, аммо Туркманистон ҳоло ба алифбои лотинӣ гузаштааст. Бачаҳои мо китобҳои туркманиро ба алифбои лотинӣ хонда наметавонанд ва барномаи таълимии ҷорӣ дар мактабҳои ҳамагонии Туркманистон ҳам ба барномаи таълимии Тоҷикистон мувофиқ намеояд».
Дархости чопи китобҳои туркманӣ
Ҷаноби Абдураҳмонов ба намояндагӣ аз туркмантаборони маҳаллӣ, аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунад, ки ба мушкили норасоии адабиёти таълимӣ ба забони туркманӣ расидагӣ кунанд, зеро бар асоси қонунҳои ҷории кишвар давлат истифода аз забони модариро барои ақаллиятҳои миллӣ ва ҳифзи забони онҳоро кафолат додааст.
Умед Раҳматов, толибилми синфи 10-уми мактаби № 7, ки ба забони туркманӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, бинобар норасоии китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ, омӯзгори синфи ӯ дар дарсаш адабиёти таълимии тоҷикиро истифода мекунад:
«Адабиёти тоҷик, адабиёти ҷаҳон, забони русӣ, дигар китобҳоро ба забони тоҷикӣ дорам. Аз ҳамон давраи СССР то ҳозир ягон китоби туркманӣ барои синфҳои болоӣ намондааст. Дарсро аз рӯйи ҳамин китобҳои тоҷикӣ муаллима мехонад, баъд тарҷума карда тайёр мекунаду ба мо дарс медиҳад. Гоҳе худамон тарҷума мекунем ба забони туркманӣ…»
Ваъдаи сафорати Туркманистон ва китобҳои фарсудаи туркманӣ
Корманди масъули яке аз мактабҳои туркманӣ дар ноҳияи Ҷилликӯл гуфт, сафорати Туркманистон дар Душанбе ваъда додааст, ки агар омӯзгорони туркман китобҳои таълимии тоҷикиро ба туркманӣ тарҷума кунанд, чопи онро маблағгузорӣ хоҳад кард. Ҳамчунин сафорати Туркманистон гуфтааст, дар яке аз деҳаҳои туркманнишини ноҳия нимпайкараи Махдумқулӣ, сардафтари адабиёти туркман ва мактаби дуошёнаи туркманӣ бунёд хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Зайнаб Ҳаитмуродова, мудири китобхонаи Қасри фарҳанги деҳаи ба номи Эргаш Султонов, мегӯяд: «рӯз аз рӯз шумораи китобҳо ба забони туркманӣ коҳиш меёбад. Ба сабаби он ки тақрибан кулли китобҳои туркманӣ аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст, ҳоло фарсудаву ғайриқобили истифода шудаанд». Бо ин вуҷуд, меафзояд хонум Ҳаитмуродова, кӯдакони туркмантабор бисёре аз ин адабиётро аз ночорӣ дубораву себора мутолиа мекунанд.
«Набераамро ба мактаби тоҷикӣ додам, ки оянда азоб накашад…»
Эмомназар Худойберенов, омӯзгори яке аз мактабҳои туркмании ноҳияи Ҷилликӯл, ки 52 сол собиқаи корӣ дорад, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди мушкили таълим дар макотиби ҳамагонии туркманӣ, вай тасмим гирифт, ки имсол набераашро ба мактаби тоҷикӣ раҳсипор кунад:
«Мана ин набераамро ба мактаби тоҷикӣ равон кардем, барои он ки забони давлатиро аз худ кунад, муаллимҳои туркман кам шуда истодаанд, пир шуда истодаанд. Мехоҳам набераам хонад, илми муосир омӯзад, дар оянда соҳиби касбу кори дуруст шавад. Зеро мо қасд надорем, ки Туркманистон равем, барои ҳамин бачаҳоямон бояд тоҷикиро донанду азоб накашанд…»
Интихоби мактабҳои тоҷикӣ: аз шавқ ё ночорӣ?
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл мегӯянд, дар солҳои ахир бисёре аз туркмантаборони маҳаллӣ моиланд, ки фарзандонашонро ба мактабҳои тоҷикӣ равона созанд, чун шароити таълим дар синфҳои тоҷикӣ беҳтар ба назар мерасад.
Уғулҷумъа Худойқулова, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Ҷилликӯл, мегӯяд, фарзандонаш ҳоло танҳо дар муҳити оила ба забони модарии худ, яъне туркманӣ ҳарф мезананд:
«Се сол боз таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои туркманӣ ҷорӣ шудааст. Мо туркманҳо пеш мактабҳои соф туркманӣ ё русӣ мехондем, бо тоҷикону дигар миллатҳо ба русӣ гап мезадем, ҳама коргузорӣ ба русӣ буд. Ҳоло бошад, ҳама кору бор тоҷикӣ шудааст. Ҳоло кӯдакони мо ҳам тоҷикиро хуб медонанд, тоҷикӣ менависанд, китоб мехонанд. Ба туркманӣ танҳо бо ҳамсолону ҳамзабонон ва дар хона гап мезанем. Тавассути моҳвора шабакаҳои телевизионии туркманиро тамошо мекунем, забони модариамонро гӯш мекунем, аммо дар кӯча аллакай ҳама тоҷикӣ гап мезадагӣ шудаанд…»
«Оянда забони таълим дар мактабҳо тоҷикӣ хоҳад шуд»
Феълан дар мактабҳои туркмании ноҳияи Ҷилликӯл, бар асоси иттилоъи расмӣ, наздик ба се ҳазор кӯдак таҳсил мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи Элчибек Аҳмадбеков, ҷонишини мудири шӯъбаи маорифи Ҷилликӯл, то чанд соли оянда, ба гумони ғолиб, шумораи синфҳо ва мактабҳои туркманӣ метавонад ба сифр бирасад:
«Ҳоло мактабҳо ҳама ҳаракат карда истодаанд, ки ба забони тоҷикӣ гузаранд. Мо имкон надорем, ки китобҳои таълимиро ба забонҳои дигар ва бо ҳуруфи лотинӣ таҳия кунем. Ҳоло синфҳои тоҷикие, ки дар он туркманҳо таҳсил мекунанд, то синфи 5-ум омадаанд. Дар оянда шояд пурра ба тоҷикӣ гузаранд. Шароите нест дар Тоҷикистон, ки туркманҳо ё узбакҳо ба мактабҳои олӣ рафта, бо забони модариашон таҳсилашонро идома диҳанд. Аз ин рӯ, батадриҷ дар ҳама мактабҳо забони таълим тоҷикӣ мешавад…»
Туркманҳои таҳсилдида, аммо бе вакил дар маҷлисҳо
Бо вуҷуди норасоии адабиёти дарсӣ ба забони туркманӣ ва мушкилоти дигари таълим дар 7 дабистони туркманӣ, бахши аъзами ҷавонони туркмантабори ноҳияи Ҷилликӯл таҳсилдида ва дорои маълумоти олӣ мебошанд. Ба унвони далел, гуфта мешавад, феълан 80 дарсади пизишкони ҳирфаии ноҳияи Ҷилликӯл аз табори туркманҳои маҳаллӣ будаанд.
Ва аммо сарфи назар аз мардуми таҳсилдида будани туркманҳои Ҷилликӯл, дар мақомоти раҳбарикунандаи ин ноҳия намояндае аз ҷамъияти 30-ҳазорнафараи туркманҳои маҳаллӣ дида намешавад. Ба иддаои туркмантаборон, ҳатто дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҷамоат ва ноҳия вакилони туркманро ба ангуштони як даст метавон баршумурд, ки ноадолатона мебошад.
Монандшавии зоҳири туркману тоҷик
Туркманҳои ноҳияи Ҷилликӯл тақрибан 400 сол қабл аз ватани бобоии худ ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда, ҳоло дар ҷануби кишвар ба боғдорию қолинбофӣ ва нигаҳдории анъанаҳои миллии худ маъруф шудаанд. Рӯзимат Сияҳаков, раиси ҷамоати туркманнишинони ба номи Гардӣ Гулмуродов, мегӯяд, дар зарфи солҳои тӯлонии ҳамзистии туркманҳову тоҷикон, қиёфаи туркманҳо ба мардуми тоҷик монанд шуда, ҳоло туркману тоҷикро зоҳиран бо душворӣ мешавад фарқ кард. Бо ин вуҷуд ҳам туркманҳо суннатҳои мардумии худро бо ҷиддияти том ҳифз мекунанд ва то ҳанӯз чунин нашуда, ки ба мардуми ғайритуркман арӯсӣ карда бошанд.