Идомаи сафари президенти Русия дар Чин

Президентҳои Чин ва Русия, Ҳу Ҷинтао ва Дмитрий Медведев дар нишасти хабарии муштарак дар Пекин аз ҳамкории стратегии ду кишвар дар умури байнулмилалӣ ва минтақаӣ ситоиш карданд. Ҳу Ҷинтао гуфт: "Ҳарду тараф хостори густариши ҳамкории стратегӣ дар умури байнулмилалӣ ва минтақаиянд ба хотири ҳифзи суботу тавозуни ҷаҳонӣ, раҳоӣ аз бӯҳрони умумии иқтисодӣ ва рушди солиму пойдори дунё."

Президенти Русия, Дмитрий Медведев дар посух афзуд: "Мо ҳамоҳангии хубе дар ҳамаи масъалаҳои байнулмилалӣ дорем, дар чаҳорчӯби Ҷӣ-20 ва ниҳодҳои минтақаие монанди Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба суди бузурги ҳарду кишварҳои мо."

Ду раҳбар дар расми анҷоми сохтмони лӯлаи нафти Русия ба Чин ширкат карданд. Қарор аст, онҳо дар соли оянда созишномаи фурӯши гази Русия ба Чинро имзо кунанд. Чин дар соли гузашта ба ҳайси бузургтарин бозори энержӣ аз Иёлоти Муттаҳида гузашт ва дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромад.