Дастаи миллии футболи Эрон ҳафтаи оянда бо дастаи миллии Бразилия, қаҳрамони панҷакаратаи ҷаҳон як бозии рафиқона баргузор хоҳад кард. Федерасиюни футболи Эрон гуфтааст, бозӣ дар Аёлоти Муттаҳидаи Араб барпо хоҳад шуд. Ахиран дастаи Эрон дар пайдо кардани ҳамбоз барои рақобатҳои дӯстона бо мушкил рӯбарӯст, асосан бо сабаби баёнияҳои баҳсбарангези раисиҷумҳури ин кишвар, Маҳмуди Аҳмадинажод. Бозии дастаҳои миллии Эрон ва Бразилия ба равобити хусусии байни президентҳои ду кишвар бастагӣ дода мешавад.