Мораториуми даҳмоҳаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин аз тарафи Исроил нимашаби имрӯз ба поён мерасад ва хатари аз роҳаш хориҷ шудани музокироти сулҳ бо Фаластиниёнро ба миён овардааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки мораториум идома дода намешавад, бо вуҷуди онки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз ӯ хостааст, ин корро накунад. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз сокинони шаҳракҳои яҳудинишини хостааст, “хештандорӣ” нишон диҳанд, ки масъалаи идомаи шаҳраксозиҳо барои онҳо як монеаи аслие дар роҳи музокироти сулҳ бо фаластиниён табдил шудааст. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён, батакрор таъкид кардааст, ки дар сурати идомаи шаҳраксозиҳо дар сарзаминҳое, ки онҳо ишғолӣ медонанд, аз музокироти сулҳ даст хоҳад кашид.