Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, инфиҷори шоми 25 сентябр дар яке аз маҳаллаҳои ғарби Душанбе, ки нигаронии сокинони пойтахтро барангехт, бар асари вайрон шудани абзори газии як мошин рух додааст. Инфиҷор дар ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум ба гуфтаи мақомот дар дохили гараже рух дода ва касе ҳам осеб надидааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, то кунун дар маҳалли ҳодиса кормандони милиса дида мешаванд ва рахнаҳои мавҷуд ва шишаҳои шикаста далели он аст, ки инфиҷор на дар дохил, балки дар беруни гараж ва маҳалли беодаме рух додааст.