Давлати Ҷопон рӯзи ҷумъа, талаби Чинро рад кард, ки хост, Ҷопон барои боздошти нохудои киштии моҳигириаш узр бихоҳад ва ҷуброн бипардозад. Сатору Сато, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷопон гуфт, “талаби узрхоҳӣ ва ҷуброни Чин комилан беасос аст”. Марзбонони Ҷопон киштии моҳигирии Чинро баъди бархӯрди он бо як қаиқи ҷопонӣ дар наздикии як ҷазираи хурде боздошт карданд, ки ҳарду кишвар бар сари он даъво доранд. Ҳодисаи мазкур сабаби ҷанҷоли дипломатӣ байни ду кишвар шуд.