Тотористон қабули исломро ҷашни миллӣ эълон кард

Парлумони Тотористон пазируфта шудани дини ислом аз сӯи булгарҳои соҳили рӯдхонаи Волга дар соли 922-ро ба феҳристи иду ҷашнҳои давлатӣ ворид кард. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ин ҷашн ҳамасола рӯи 21 май таҷлил хоҳад шуд. Тоторҳо булгарҳоро аҷдодони худ мехонанд. Парлумон ҳамчунин тасмим гирифт, ки иди Рамазонро ҳам ба феҳристи иду ҷашнҳо ворид кунад. То имрӯз дар Тотористон, ҷумҳурии асосан мусалмоннишини Русия, фақат Иди Қурбон ё Ид-ал-Адҳо расман таҷлил мешуд.