Мақомоти ҳарбии Русия мегӯянд, созишномаи нави ҳарбии ин кишвар бо Қирғизистон моҳи марти соли оянда ба имзо хоҳад расид. Қарор аст, бино ба ин санад, ҳамаи иншооти ҳарбии Русия зери як чатр гирдоварӣ шуда, пойгоҳи озмоиши торпедоӣ дар Иссиқкӯл ва маркази зилзилашиносӣ дар Майлису низ ба ихтиёри ҳарбиёни Русия дода шаванд.