Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, фармондеҳои пешини мухолифони тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Олим Одилов дар ҳоли фирор мебошанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷасади онҳо дар байни кушташудагони амалиёти низомии рӯзи 22-юми сентябр кашф нашудааст. Дар ин амалиёт панҷ нафар аз тарафдорони фармондеҳони пешин кушта шудаанд. Баъд аз амалиёт телевизиони Тоҷикистон дар як гузориши махсус Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Раштро масъули ҳамла ба корвони Вазорати диофъ дар Камароб номид. Дар ҳоле ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар минтақа амалиёти густардаи зиддитеррористӣ пеш мебаранд, робитаи телефонӣ бо минтақа қатъ ва вуруди хабарнигорон ба он мамнӯъ мебошад.