Дар амалиёти Рашт артиш иштирок намекунад

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ дар сӯҳбати кӯтоҳи ихтисосӣ бо Итар-Тасс гуфтааст, ки дар амалиёти имрӯзаи “поккорӣ артиш иштирок намекунад, чунки вазифаҳои дигарро ба дӯш дорад”. Вале бо зикри ин, вазири дифоъ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кардааст.
Нирӯҳои амниятӣ талош доранд аъзои гурӯҳҳои террористии таҳти раҳбарии фармондеҳои собиқи мухолифин Абдулло Раҳимов ва Алоуддин Давлатовро боздошт кунанд, ки дар куштори 25 нафар сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон дар рӯзи 19 сентябри имсол дар дараи Камароб айбдор мешаванд. Куштори сарбозони бетаҷрибаву ҷавон дар ин ҳодиса боиси афзоиши нигаронӣ дар ҷомеа ва танқиди гурӯҳҳои сиёсии кишвар аз тасмими сафарбаркунии нирӯҳои бетаҷриба ба низоъҳои мусаллаҳонаи водии Рашт шуд.